Ноябр 27, 2022 11:06 Asia/Dushanbe
  • Коршиноси қирғиз: Иттиҳодияи Аврупо ба дунболи тазъиф намудани равобити Қирғизистон ва Русия аст
    Коршиноси қирғиз: Иттиҳодияи Аврупо ба дунболи тазъиф намудани равобити Қирғизистон ва Русия аст

Коршиноси улуми сиёсии қирғиз гуфт: Ба эҳтимоли зиёд дар пушти пардаи тавофуқномаи ҳамкории ҷадид, тазъифи равобити иқтисодии Бишкек ва Маскав қарор дорад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Кубод Султонбеков коршиноси улуми сиёсӣ ҳадафҳои пинҳои тавофуқномаи ҳамкории ҷадиди Иттиҳодияи Аврупо ва Қирғизистонро сиёсати муҳоҷирати ва ҳамкори дар ҳавзаи энержӣ донист ва муътақид аст, ки муҳимтарин заминаи ҳамкори байни Қирғизистон ва Иттиҳодияи Аврупо рушди муҳоҷирати муназам ва мушорикат дар таъмини энежӣ аст.

Ин коршиноси қирғизӣ дар хусуси ахбори музокироти намояндагони Қирғизистон ва Иттиҳодияи Аврупо дар мавриди тавофуқномаи ҳамкории ҷадид гуфт: Барои Қирғизистон пеш аз ҳар амри бояд ба масоили муҳоҷирати неруи кори таваҷҷуҳ кард.

Кубод Султонбеков коршиноси улуми сиёсӣ бо ишораи ин ки муҳоҷирони кори Қирғизистон дар Аврупо ғайри мантиқи ва бисёр таъасуфбор аст гуфт: Бояд ба системае бирасем, ки дар Қирғизистон мутахассисоне тарбият шаванд, ки дар Иттиҳодияи Аврупо мавриди тақозо ҳастанд ва тарафи аврупоӣ низ ба навбаи худ саҳмияҳо ва шароити муҳоҷиратро барои шаҳрвандони қирғизӣ фароҳам кунад.

 

Барчасп