Апрел 11, 2023 09:45 Asia/Dushanbe
  • Мишустин : Маскав тавофуқномаи эҷоди сомонаи дифои ҳавои минтақаӣ бо Қирғизистонро тасвиб кард
    Мишустин : Маскав тавофуқномаи эҷоди сомонаи дифои ҳавои минтақаӣ бо Қирғизистонро тасвиб кард

Михаили Мишустин-нахуствазири Русия гуфт : Маскав тавофуқномаи эҷоди як сомонаи дифои ҳавоии минтақаӣ бо Қирғизистонро тасвиб кардааст .

Ба гузориши ИРНА, Мишустин душанбе дар баёнияе гуфт : Давлати Русия ин мусаввабаро барои касби таъйиди Владимир Путин-раиси Ҷумҳурии Русия ва тасвиб дар Дума ирсол кард.
Тавофуқномаи эҷоди сомонаи дифои ҳавоии муштарак миёни Қирғизистону Русия 16 августи 2022 ба имзо расид.
Вазорати энержии Қирғизистону ширкати Ростоми Русия пештар низ тавофуқномае дар бораи сохти як нерӯгоҳи ҳастаӣ дар Қирғизистон имзо карданд.

Содир Ҷабборов-раиси Ҷумҳурии Қирғизистон соли гузашта дар нахустин иҷлоси муштараки Осиёи марказӣ ва Русия дар Остона бар аҳамияти гуфтугуи сиёсии миёни ду тараф таъкид кард .
Вай тасреҳ кард ин кишвар алоқаманд ба афзоиши тадриҷии ҳамкорӣ дар қолаби тарҳи «Осиёи марказӣ - Русия » бо ҳадафи тавсеаи ҳамкориҳои муштарак дар заминаи тиҷорат, иқтисод, ҳамлу нақл, энержӣ, кишоварзӣ, фарҳангӣ, фаъолиятҳои башардӯстона ва умӯри муҳоҷиратӣ аст .
Ҷабборов ҳамчунин бар лузӯми ҳифзи як гуфтугуи сиёсӣ ва ёфтани роҳҳои қобили қабул барои ҳалли масойили фаврӣ ва тавсеаи манофеъ дар созмонҳои байналмиллалӣ ва минтақаӣ ишора кард .


 Бештар бихонед :

 

Барчасп