Тавофуқи Туркманистон ва Белгия барои густариши равобити дуҷониба
Апрел 12, 2023 21:53 Asia/Dushanbe
Мақомоти Туркманистон ва Белгия дар дидор бо якдигар, дар хусуси густариши равобити дуҷониба, аз ҷумла дар заминаҳои тиҷориву иқтисодӣ тавофуқ карданд.
Мишел Питерман, сафири ҷадиди Белгия дар Туркманистон (мустақар дар Боку) дар сафари корӣ ба Ишқобод, бо Вафо Хоҷаев, муовини вазири хориҷаи ин кишвар дидор ва рӯнавишти устуворномаи худро ба вай тақдим кард.
Дар чорчӯби ин дидор, муовини вазири умури хориҷаи Туркманистон омодагии худро барои ироаи ҳар гуна кумаку ҳимояти мумкин аз фаъолиятҳои сафири ҷадиди Белгия дар кишвараш эълом кард.
Барчасп