Апрел 20, 2023 17:07 Asia/Dushanbe
  • Ҷон бохтани 29 нафар бар асари селу зилзила дар Афғонистон

Вазорати расидагӣ ба ҳаводиси ҳукӯмати Толибони Афғонистон эълом кард дар як моҳи ахир 29 нафар бар асари селу зилзила дар ин кишвар ҷон бохтанд .

Ба гузориши бошгоҳи хабарнигорони ҷавон, Шафеъуллоҳ Раҳимӣ-сухангӯи Вазорати расидагӣ ба ҳаводиси ҳукӯмати Толибони Афғонистон имрӯз ( панҷшанбе ) эълом кард бар асари селу зилзила дар 31 вилояти Афғонистон дар як моҳи ахир 105 нафари дигар ҳам захмӣ шуданд .
Раҳимӣ афзуд 155 манзили маскӯнӣ ба таври комил ва 1242 ба сурати ҷузъӣ дар як моҳи ахир тахриб шуд . Ҳамчунин 848 чорво талаф ва 7 136 гектари замини кишоварзӣ низ аз байн рафтааст .

 

Барчасп