Кашфу мусодираи 84 кило тиллои қочоқ дар марзи Қирғизистон
Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон дар минтақаи Чуй 84 кило тиллои қочоқ ба арзиши ҳудуди 300 миллион сом ( воҳиди пӯли қирғизӣ )-ро кашфу забт кард .
Ба гузориши хабаргузории Форс аз Бишкек, Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон дар минтақа Чуй эълом кард дар исти бозрасии марзии Оқ жул, як худрави « JAC », ки 84 килограм тиллои бидуни муҷаввиз дар он вуҷуд дошт ва ба самти яке аз ширкатҳои бузурги маъдани тилло дар минтақа Чуй ҳаракат мекард, мутаваққиф шуд .
Тибқи ин гузориш дар ҳоли ҳозир дар чорчӯби иқдомоти таҳқиқотӣ ва амалиётӣ бо мушорикати мутахассисони созмони умӯри молиётӣ кор барои таъйини мизони хисорати ворида ба буҷети кишвар дар ҳоли анҷом аст .
Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон номи ширкати маъдани тиллоро эълом накард.
Бештар бихонед :