Азми Узбекистон барои содироти фароварда ва ҷилавгирӣ аз хомфурӯшӣ
Раисиҷумҳури Узбекистон гуфт, барои узвият дар Созмони тиҷорати ҷаҳонӣ, барномарезӣ мекунем содироти фаровардаҳои сохта шударо тайи 3 соли оянда ба 2 баробар афзоиш диҳем.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Шавкат Мирзиёев, раисиҷумҳури Узбекистон дар нишасти баррасии раванд ва чашмандози фароянди узвият дар Созмони тиҷорати ҷаҳонӣ гуфт, барномарезӣ мекунем, содироти фаровардаҳои сохта шударо тайи 3 соли оянда 2 баробар афзоиш диҳем.
Мирзиёев идома дод, танҳо роҳи расидан ба ин ҳадаф узвият дар Созмони тиҷорати ҷаҳонӣ аст. Ин иқдом имкони барқарории як системаи тиҷорати мунсифона бо 164 кишвару дастрасӣ ба бозорҳои бо суботро фароҳам мекунад.
Вай изҳор дошт, Созмони тиҷорати ҷаҳонӣ, як сохтори муътабари байналмилалӣ аст, ки равобити тиҷории ҳамаҷониба байни кишварҳоро ҳамоҳанг мекунад. 95 дарсади тиҷорати ҷаҳонӣ ба 164 кишвари узви ин созмон тааллуқ дорад.