Табрики Ҷабборов ба муносибати 145-умин солгарди таъсиси шаҳри Бишкек
https://parstoday.ir/tg/news/middle_asia-i101552-Табрики_Ҷабборов_ба_муносибати_145_умин_солгарди_таъсиси_шаҳри_Бишкек
Раисиҷумҳури Қирғизистон ба сокинону меҳмонони Бишкек, пойтахти кишвараш 145-умин солгарди таъсиси ин шаҳрро табрик гуфт.
(last modified 2025-09-23T13:20:16+00:00 )
Апрел 29, 2023 16:59 Asia/Dushanbe
  • Табрики Ҷабборов ба муносибати 145-умин солгарди таъсиси шаҳри Бишкек

Раисиҷумҳури Қирғизистон ба сокинону меҳмонони Бишкек, пойтахти кишвараш 145-умин солгарди таъсиси ин шаҳрро табрик гуфт.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Содир Ҷабборов, раисиҷумҳури Қирғизистон дар ин паём гуфта: Имрӯза Бишкек, рӯҳу қалби Қирғизистон, маркази сиёсӣ, иқтисодӣ, илмӣ ва фарҳангии он ва қутби аслии ҳамлу нақл аст.

Содир Ҷабборов дар идомаи ин паём афзӯда: Ҳама хуб медонанд, ки пойтахт дар гузаштаи шаҳри Пишпек ва сипас «Фрунзе» ном дошт, пас аз инки Қирғизистон ба унвони як кишвари мустақилу демократӣ эълом шуд, расман номи таърихии худ, Бишкекро дарёфт кард.

Раисиҷумҳури Қирғизистон дар поёни ин паём хитоб ба шаҳрвандони қирғиз навишт: Бояд пойтахти худро дӯст бидорем, ки ҳар қирғизистониро ба ояндае равшантар ҳидоят мекунад ва аз онҳо мехоҳад ин шаҳр ҳар рӯз тавсеа ёбад ва зеботар шавад.