Воми 200 миллионевроии Олмон ба Узбакистон
Тошканд ва Бонки тавсеаи Олмон (KFW) тафоҳумномаеро барои ҷазби 200 миллион евро ба манзури беҳбуди хадамоти системаи обёрӣ дар вилоятҳои Фарғона ва Сурхондарёи Узбакистон имзо карданд.
Узбакистон ва Бонки тавсеаи Олмон (KFW) тафоҳумномаеро барои ҷазби 200 миллион евро, аз ҷумла 130 миллион евро вом ва 70 миллион евро кумаки молии бебозгашт ҷиҳати беҳбуди хадамоти системаи обёрӣ дар вилоятҳои Фарғона ва Сурхондарё имзо карданд.
Ҳайати Ӯзбакистон ба сарпарастии Соҳиб Назаров, раиси ширкати саҳҳомии “Узсӯтаъминот”, ки дар Олмон ба сар мебарад, қарордодҳое дар мавриди иҷрои чандин тарҳ бо ҳадафи густариши беш аз пеши ҳамкориҳои байналмилалӣ ба имзо расонданд.
Тибқи ин гузориш, дар чорчӯби ин сафар тафоҳумномаи ҳамкорӣ бо ширкати “Aqua Consult Ingenieur GmbH” низ ба имзо расид, ки иҷрои муштараки тарҳи сохти системаҳои фозилоб дар шаш маркази ноҳия ва рӯстоҳои вилояти Самарқанди Узбакистонро дар назар дорад.