Май 18, 2023 09:56 Asia/Dushanbe
  • Равобити парлумонӣ меҳвари дидори мақомоти Узбекистон ва Инглистон
    Равобити парлумонӣ меҳвари дидори мақомоти Узбекистон ва Инглистон

Вазири умури хориҷаи Узбекистон ва ҳайати парлумони Инглистон ба раёсати Кумитаи равобити хориҷаи парлумонии ин кишвар мавзӯъи густариши равобити парлумониро баррасӣ карданд.

Ба гузориши Садои Хуросон, Бахтиёр Саъидов вазири умури хориҷаи Узбекистон ва ҳайати парлумонии Инглистон ба раёсатии раиси Кумитаи равобити хориҷаи парлумони ин кишвар дар шаҳри Тошканд густариши равобити парлумониро баррасӣ карданд.

Тарафайн дар ин дидор дар мавриди рушди гуфтугӯҳҳои сиёсӣ ва дипламатики Узбекистон ва Инглис, ташддиди дипламати ва парлумонӣ ва ҳифзи ҳамкориҳои созанда дар арсаи байналмиллалӣ табодули назар карданд.Рушди равобити тиҷорӣ ва иқтисодӣ ва афзоиши ҳаҷми табодулоти тиҷорӣ дар ини гуфтугӯҳҳо аз ҷойгоҳи муҳим бархурдор буданд. Омодагии тарафайн барои анҷоми иқдомоти муштарак ҷиҳати густариши мубодилоти фарҳангӣ таид шуд.

Инглистон истиқлоли Узбекистонро аз 31-уми декабри 1991 мелодӣ ба расмият шинохт.

Барчасп