Мавзеи мутафовити Душанбе ва Тошканд дар қиболи Кобул
(last modified Fri, 19 May 2023 15:51:56 GMT )
Май 19, 2023 20:51 Asia/Dushanbe
  • Афғонистон дар нигоҳи Тоҷикистон ва Узбакистон
    Афғонистон дар нигоҳи Тоҷикистон ва Узбакистон

Дар ҳоле ки намояндаи доими Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид Афғонистонро маншаи таҳдиди амниятӣ барои минтақа ва ҷаҳон медонад, намояндаи Узбакистон мавзеи мулоимтаре нисбат ба таҳаввулоти ин кишвар дорад.

Намояндаи доими Тоҷикистон дар Созмони Милал тайи изҳороте Афғонистонро маншаи таҳдиди амниятӣ барои минтақа ва ҷаҳон донист.

Ҷонибеки Ҳикмат, намояндаи доими Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид тайи суханоне дар Маҷмаъи умумии СММ гуфтааст, ки маншаи терроризм, бунёдгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва таҳдидоти муштараки амниятӣ ба минтақаву ҷаҳон кишвари Афғонистон аст.

Вай дар идома хоҳони ҳамкориҳои минтақаӣ ва ҷаҳонӣ дар ин замина шуду афзуд: «Осиёи Марказӣ бо доштани мавқеияти ҷуғрофиёии муҳим ба унвони нуқтаи иттисоли Осиё ва Аврупо, ба вижа бо тағйироти ахир дар Афғонистон, нақши муҳиме дар амнияти минтақа ифо мекунад. Бо тавваҷуҳ ба қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон ва фаъолиятҳои густардаи террористҳову бунёдгароён, вазъияти кунунии Афғонистон як таҳдиди ҷиддии амниятӣ барои минтақаи мо ва кулли ҷаҳон аст».

Бо ин ҳол, дар мавзеъе мутафовит ва мулоим, Бахтиёр Иброҳимов, намояндаи доими Узбакистон дар Маҷмаъи умумии СММ дар ин нишаст бо нигоҳе ба вазъияти кунунии Афғонистон гуфт, ки сулҳи баландмуддат дар ин кишвар метавонад нақши муҳиме дар иттисоли Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ дошта бошад.

Иброҳимов ҳамчунин гуфт, ки омодаи ҳамкорӣ бо кишварҳои минтақа барои мушорикати Афғонистон дар равандҳои иқтисодии минтақа, густариши кумакҳои башардӯстона ба афғонҳо ва пешбурди пружаҳои муҳими иҷтимоӣ ва зербиноӣ аст.