Декабр 22, 2016 11:37 Asia/Dushanbe
  • Баррасии ифтитоҳи намозхона дар фурудгоҳҳо, поёнаҳо ва марокизи тиҷории Қазоқистон

Вазири умури мазҳабӣ ва ҷомеаи шаҳрвандии Қазоқистон аз баррасии мавзӯи ифтитоҳи намозхона дар фурудгоҳҳо, поёнаҳо (терминал ва вокзал) ва марокизи тиҷории ин кишвар хабар дод.

Ба гузориши рӯзи сойти “Тудей Қазоқистон”, Нурлан Ермекбаев, гуфтааст, ки дар ҳоли ҳозир ҳукумати ин кишвар машғули баррасии мавзӯи ифтитоҳи намозхона дар фурудгоҳҳо, поёнаҳо ва марокизи тиҷории ин кишвар аст.

Вай таъкид кардааст, ки ба ин манзур, санҷиши афкори умумӣ дар Қазоқистон оғоз шудааст, то мизони ҳаводорони ин тарҳ мушаххас шавад.

Эрмекбоев ҳамчунин дар бораи гароиши ҷавонони қаззоқ ба гурӯҳҳои ифротӣ аз ҷумла  ДИИШ, гуфтааст, дар ин кишвар сатҳи зиндагии мардум дар муқоиса бо дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ боло аст ва омили иқтисодӣ наметавонд мӯҷиби ҷазби ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ шавад, ба ҳамин сабаб танҳо афроде, ки аз Ислом огоҳии дуруст надоранд ва ё узви бондҳои ҷиноӣ ҳастанд. Ба гурӯҳҳои террористе, ки аз хориҷ ба ҳадафи эҷоди ихтилоф миёни мусулмонон ва бадном кардани дини Ислом эҷод шудаанд мепайванданд.

 

Барчасп