Тақвияти равобити дӯстона - меҳвари дидори президентҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон
Дар дидори руасои ҷумҳури Тоҷикистон ва Қирғизистон бар зарурати ҳифзи равобити дӯстона ва ҳусни ҳамҷаворӣ байни ду кишвар таъкид шуд.
Дар дидори Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷабборов, руасои ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қирғизистон, ки имрӯз дар ҳошияи нишасти сарони «Осиёи Марказӣ + Иттиҳоди Аврупо» дар шаҳри Чолпон - отаи Қирғизистон баргузор шуд, бар зарурати равобити дӯстонаву ҳусни ҳамҷаворӣ байни ду кишвар таъкид шуд.
Сарони ду кишвар дар мавриди вазъият ва чашмандози равобити Тоҷикистону Қирғизистон дар заминаҳои сиёсӣ, тиҷорӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, башардӯстона ва ҳамчунин мавзӯоти минтақаӣ ва байналмилалӣ табодули назар карданд.
Дар ҷараёни музокирот ба мавзӯи таҳдиду таъйини марзҳои давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон тавваҷуҳи вижае зоҳир шуд.
Раисони ҷумҳурии Тоҷикистону Қирғизистон аз натоиҷи ба дастомада дар хусуси таъйини хати марзи давлатии ду кишвар ба тӯли ҳудуди 626 километр, ки 102 километри он тайи 1. 5 соли гузашта сурат гирифтааст, ибрози хурсандӣ карданд.
Раҳмон ва Ҷабборов аз идомаи музокирот ва ҷустуҷӯи роҳиҳалҳои қобили қабул аз тариқи сиёсӣ ва дипломатӣ таъкид ва асосёфта бар эҳтирому эътимоди мутақобил ҳимоят карданд.
Шоёни зикр аст, ки раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Чолпон - отаи Қирғизистон ҳамчунин бо Чарлз Мишел, раиси Шӯрои Аврупо дидору гуфтугӯ кард.
Дар ин дидор дар бораи вазъияти мавҷуд ва чашмандози ҳамкориҳои Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо бо таъкид бар ҷазби сармоягузорӣ ва кумакҳои фанниву молии аврупоиҳо ҷиҳати иҷрои пружаҳову барномаҳои тавсеаи иҷтимоиву иқтисодии Тоҷикистон табодулт назар карданд.
Эмомалӣ Раҳмон бар лузуми суръат бахшидан ба раванди пайвастани Тоҷикистон ба Системаи тарҷеҳоти Иттиҳоди Аврупо, ки омиле барои таъмиқи ҳамкориҳои тиҷориву иқтисодӣ бо ин иттиҳодия хоҳад буд, таъкид кард.
Ду тараф ҳамчунин дар мавриди масоили марбут ба муқобила бо чолишҳову таҳдидоти амниятӣ бо таъкид бар вазъияти Афғонистон гуфтугӯ ва табодули назар карданд.