Таҳлил: Коҳиши кишти хашхош дар Афғонистон
Бар асоси гузориши хабаргузориҳо кишти хашхош дар Афғонистон ба поёнтарин сатҳи худ дар 30 соли гузашта расида аст.
Ин дар ҳоле аст, ки Афғонистон дар ду даҳҳаи ишғол аз суи Амрико ва муттаҳидони он бар бузургтарин таъминкунандагони маводи мухаддир дар ҷаҳон табдил шуда буд ба гунае, ки беш аз 500 ҳазор нафар аз мардуми Афғонистон даргири кошти хашхош тиҷорат ва қочоқи маводи мухаддир буданд.
Маҳфилҳои мухталифи минтақаӣ аз ҷумла Ҷумҳурии Исломии Эрон дар беш аз ду даҳҳаи гузашта барои поён додан ба вазъияти кишти такмасули пешниҳоди кишт ҷойгузинро дод, ки кишоварзони Афғонистон ба ҷои кишти хашхош ва дигар маводи афиёни иқдом ба кишти маҳсулоти роҳбурди кунанд то зимни таъмини ниёзҳои ғазоӣ мардуми Афғонистон барои кишоварзон оиди муносиби низ дошта бошад.
Сайид Ҳусейни Ҳусйенимазори коршиноси масоили сиёсӣ дар ин бора мегуяд: Дар ду даҳҳаи ишғоли Афғонистон аз суи Амрико ва муттаҳидони он бисёри аз гузоришҳои хабари аз даст доштан неруҳои ишғолгар дар қочоқи маводи мухаддир дар Афғонистон ҳикоят дошт.
Бо таваҷҷуҳ ба ин ки тамоми роҳҳои иртиботи ба хусус фурудгоҳҳо дар ихтиёр неруҳои амрикоӣ ва созмони паймони атлантикаи шимолӣ буд бедуни ҳеҷгуна дардисаре иқдом ба қочоқи маводи мухаддир ба хориҷ аз Афғонистон мекарданд, ки даромади хуби ҳам барои онҳо дошт.
Ин ки бино бар эъломи созмони англисӣ "AlcisGeo" мизони кишти хашхош дар Афғонистон ба камтарин мизон дар 20 соли гузашта расида аст бедуни иртибот бо аз байн рафтани авомили қочоқи ин модаи афиён аз Афғонистон нест зеро баъд аз ду сол аз фарори ишғолгарон аз Афғонистон иртиботи созмонҳои мафияи ва озоди амал дар интиқоли маводи мухаддир ба хориҷ аз Афғонистон аз байн рафта аст.
Илова бар ин дар давраи ишғоли Афғонистон бархе хабарҳо аз даст доштани ҳатто созмони ҷосусии Амрико дар қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон барои таъмини бахши аз ҳазинаҳояш ҳикоят доштанд ба ҳамин далел пас аз фирори ишғолгарон кишти хашхош низ дар ин кишвар коҳиши маҳсуси ёфта аст.
Дар ин ҳол ишғолгарон дар ду даҳҳаи гузашта шароити кишоварзии Афғонистонро бо ҳадафи даромадзоӣ барои худ тақрибан ба тарафи кишти такмаҳсули сувқ дода буданд, ки акнун мардуми Афғонистон бо мушкилоти ғизоӣ ру ба ру ҳастанд индар ҳоли аст, ки Афғонисон дорои замини ҳосилхез ва оби фаровон аст то ниёзҳои авлаияи ғизоӣ худро таъмин кунад.
Фарҷоми Амин коршиноси масоили Афғонистон дар ин бора мегуяд дар ду даҳҳаи ишғоли Афғонистон бисёри аз масоил муртабит бо ҳузури ишғолгарон буд, ки дар ҳамин росто масоили маводи мухаддир ва қочоқи он дар Афғонистон иртиботи мустақим бо амалкарди низомиёни хориҷӣ дошт, ки ин кишварро ба маҳали барои даромадзоӣ худ табдил карда буданд ва акнун бо аз байн рафтани омили қочоқ ва набуди иҷбор бар сари кишоварзони афғон барои кишти хашхош табиъатан онҳо низ онро мутавақиф карданд.
Дар ҳар ҳол агар чи коҳиши масуси кишти хашхош дар Афғонистон хабари хуб бо паёмадҳои мусбати иҷтимоъӣ ва ҳатто амнияти барои минтақа ва ҳатто маҳофили ҷаҳонӣ аст аммо дар ҷиҳати таъмини маъишати кишоварзони Афғонистон зарури аст, ки кишти ҷойгузини сареъ муаррифи ва эъмол шавад то кишоварзони афғон ногузир ба раҳо кардани замин ва муҳоҷират ба шаҳрҳои бузург ва ҳатто хориҷ аз Афғонистон нашаванд.
Ба ҳар ҳол дар ду даҳҳаи ишғоли Афғонистон ба гунаи бахши муҳими аз иқтисоди Афғонистон ба масъалаи маводи мухаддир ва кишти хашхош гиреҳ хурда буд, ки акнун бо халоӣ ки дар бахши бозори мақсад эҷод шуда аст метавон ба иқтисоди рустоӣ ба шиддат осебпазири Афғонистон зарбаи ҷуброннопазиреро ворид кунад аз инру ниҳодҳои байналмилалӣ ба хусус Созмони Милали Муттаҳид дар ҷиҳати ҳимоят аз кишоварзони афғон ва идомаи коҳиши кишти хашхош бояд дар канори кишоварзон буд ва дар ҳамон ҳол бо ҳимоятҳои худ аз сокинони рустоҳо ба хусус хонаводаи кишоварзон таҳамулпазирии онҳоро то ба самар расидани кишти ҷойгузин ва даромадзоӣ афзоиш диҳанд.