Ибрози нигаронии Созмони Милал аз коҳиши кумакҳои беҳдошти дар Афғонистон
(last modified Thu, 15 Jun 2023 06:31:16 GMT )
Июн 15, 2023 11:31 Asia/Dushanbe
  • Ибрози нигаронии Созмони Милал аз коҳиши кумакҳои беҳдошти дар Афғонистон
    Ибрози нигаронии Созмони Милал аз коҳиши кумакҳои беҳдошти дар Афғонистон

Созмони беҳдоштии ҷаҳони бо ибрози нигарони аз вазъяити Афғонистон ҳушдор дод, коҳиши кумкҳои беҳдошти дармони ба мардуми ин кишвар оқибаитҳои ногувор дорад.

Пас аз таҳавулоти ахири Афғонистон кумакҳои ҷаҳони аз ҷумла дар бахши беҳдошту дармон ва омузиш коҳиши чашмгири дошта аст.

Ҳарчанд созмони беҳдошти ҷаҳони мегуяд дар моҳи май ба 1.4 миллион афғонӣ хадамоти беҳдоти ироа карда аст аммо ҳануз бархе аз манотиқи Афғонистон ба хадамоти беҳдошти ва дармонӣ дастараси надоранд.

Созмони беҳдошти ҷаҳонӣ дар ин гузориш бо унвони вазъияти изтирории Афғонистон эълом кард, ки фаъолияти теъдоди зиёди аз марказҳои беҳдошти дар Афғонистон таълиқ шуда аст ва ҳимоят аз бемористонҳои бузург низ дар ҳоли коҳиш аст, ки ин вазъият сабаби афзоиши марги беморон хоҳад шуд.

Ин созмон дар ҳоли нигаонии коҳиши кумакҳо ба бахши беҳдошт ва дармони Афғонистон аст, ки дар гузориши дигари аз афзоиши бемориҳои танафуси, исҳол, сиёҳ сурфа, сурхак ва таби данги дар миёни кудакон ва бузургсолони афғон нисбат ба гузашта хабар дода буд.

Ин нигарониҳо дар ҳоли матраҳ мешаванд, ки бар асоси иттилоъоти созмони беҳдошти ҷаҳонӣ  ин созмон дар 29 вилояти Афғонистон ба 5 бемористони бузург, 100 дармонгоҳи бемориҳои сирояткунанда ва 205 маркази хадамоти беҳдошти манобеъи молӣ фароҳам мекунад.