Июн 25, 2023 10:03 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди мақомоти аршади Қазоқистон ва Грузия бар густариши равобити дуҷониба
    Таъкиди мақомоти аршади Қазоқистон ва Грузия бар густариши равобити дуҷониба

Нахуствазири Қазоқистон ва Грузия дар дидор бо якдигар бар густариши равобити дуҷониба аз ҷумла иқтисоди таъкид карданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Форс, Алихон Исмоилов нахуствазири Қазоқистон дар дидор бо Ираклий Гарибашвили нахуствазири Грузия дар Тбилиси гуфт: Ду кишвар бо равобити дусти ва ҳамкории чанҷонибаи дерина пайванхурданд ва ҳамкориҳои дуҷониба ба таври суннати дар сатҳи болоӣ дар саросари тайфи равобити байни давлати қарор дорад.

Алихон Исмоилов Грузяро шарики муҳим ва қобили эътимоди Қазоқистон дар қафқози ҷанубӣ донисту афзуд: Дар соли гузашта гардиши молии байни ин ду кишвар бо рушди ҳафт баробари рекорди 600 миллион доллар расида аст.

Нахуствазири Грузия ҳам дар ин дидор зимни таъкид бар густариши равобити дуҷонибаи бо Қазоқистон дар заминаҳои иқтисодӣ ва тиҷорӣ гуфт: Гардиши молии ду кишвар дар ҳоли афзоиш аст.

Барчасп