Июн 27, 2023 10:57 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши шуюъи таби Конго дар Афғонистон

11 тан бар асари ибтило ба бемории таби Конго дар Афғонистон фавт кардаанд .

Ба гузориши хабаргузории ОВО, Созмони беҳдошти ҷаҳонӣ дар тозатарин гузориши худ эълом кард, ки аз оғози имсол то кунун 35 мавриди нави таби Конго(CCHF) дар Афғонистон ба сабт расида, ки аз ин теъдод 11 нафар фавт кардаанд.
Бар асоси гузориши Созмони беҳдошти ҷаҳонӣ бештарини мавориди ибтило дар 2 моҳи гузашта дар вилоятҳои ҷанубӣ ( Қандаҳору Ҳилманд ), шимол ( Балх ) ва марказӣ ( Кобул ) будааст .
Таби Конго як бемории вазнин ба ҳамроҳи табу хунрезӣ аст, ки аз тариқи газиши кана ё тамос бо хун, тарашшӯҳот ё ҷасади ҳайвони мурда ба инсон мунтақил мешавад .

 

 

Барчасп