Толибон: Ҳеҷ гуруҳи мусаллаҳи дар Афғонистон зидди дигар кишварҳо фаъолият намекунад
(last modified Sat, 01 Jul 2023 15:01:57 GMT )
Июл 01, 2023 20:01 Asia/Dushanbe
  • Толибон: Ҳеҷгуруҳи мусаллаҳи дар Афғонистон зидди дигар кишварҳо фаъолият намекунад
    Толибон: Ҳеҷгуруҳи мусаллаҳи дар Афғонистон зидди дигар кишварҳо фаъолият намекунад

Узви аршади ҳукумати Толибон иддао кард, ки ҳеҷ гуруҳи мусаллаҳи дар хоки Афғонистон зидди кишварҳои дигар фаъолият намекунад.

Абдулқаҳор Балхи сухангуи Вазорати умури хориҷаи ҳукумати Толибони Афғонистон дар саифаи корбарии худ эълом кард, ки Толибон сиёсати иҷоза надодан ба ҳеҷ кишваре барои истифода аз хоки ин кишвар барои осеб расондан ба кишварҳои дигарро идома медиҳад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба налқл аз ИРНА, ин мақоми Толибон бо ради гузориши ахири тими назорат бар таҳримҳои Созмони Милал дар бораи иддаои ҳузур ва амалиёти 20 гуруҳи мусаллаҳи низомӣ дар Афғонистон гуфт: Неруҳои амниятӣ ва иттилоъотии Толибон монеъи фаъолият ва таҳарукоти гуруҳҳои террористии ҳамчун ДИИШ ҳастанд.