Баргузории мусобиқоти варзишӣ дар Қундӯзи Афғонистон
Июл 02, 2023 21:45 Asia/Dushanbe
-
Мусобиқоти варзишӣ дар Кундӯз
Масъулон дар федератсияи варзишии вилояти Қундӯзи Афғонистон аз баргузории мусобиқоти варзишӣ дар ин вилоят хабар доданд.
Хабаргузории “Ово” ба нақл аз масъулони варзишии Қундӯз гузориш дод, ҳамзамон бо таътилоти иди Қурбон, мусобиқоти варзишӣ дар чанд ришта ҳамчун куштии паҳлавонӣ ва танобкашӣ дар майдони варзишии маркази ин вилоят баргузор шуд.
Масъулон ҳадаф аз баргузории ин мусобиқотро, ки варзишкороне аз соири манотиқи вилояти Қундӯз дар он ширкат доштанд, эҷоди таҳаррук байни ҷавонон ва афзоиши рӯҳияи навъи дӯстӣ эълом карданд.
Барчасп