Туркманистон мизбони нишасти мубориза бо маводи мухаддир
-
Туркманистон мизбони нишасти мубориза бо маводи мухаддир
Нишасти кумитаи роҳбурдии барномаи мубориза бо қоқчоқи маводи мухаддир дар Туркманистон баргузор шуд.
Дар дувумин нишасти кумитаи роҳбурдии барномаи пешгири аз қочоқи маводи мухаддир дар Осиёи Марказӣ ки бо ҳузури намояндагони кишварҳои минтақа дар Ашқобод пойтахти Туркманистон баргузор шуд роҳҳои мубориза бо тавлид, пахш ва қочоқи маводи мухаддир барраси шуд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Форс ҳадаф аз баргузории ин нишаст иттилоърасони дар хусуси натоиҷи мавриди интизор ва фаъолиятҳои барномарезишудаи ҳафтумин марҳалаи пешгири аз густаришии маводи мухаддир дар минтақаи Осиёи Марказӣ тақвияти дарки мутақобил дар мавриди аҳдофи барнома, стратегияи иҷроӣ ва ҳамчунин баррасии барномаи минтақаӣ руйдодҳо барои солҳои 2023-2024 эълом шуда буд.