Июл 09, 2023 19:01 Asia/Dushanbe
  • Содироти Афғонистон
    Содироти Афғонистон

Вазорати дороӣ (молия)-и ҳукумати Толибони Афғонистон аз афзоиши мизони содироти ин кишвар дар соли ҷорӣ хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории “Шафақно”-и Афғонистон, Вазорати дороӣ (молия)-и ҳукумати Толибони Афғонистон рӯзи якшанбе эълом кард, дар чаҳор моҳи гузашта мизони содироти Афғонистон ба арзиши 30 миллиарду 536 миллион афғонӣ ва воридоти он 173 миллиарду 49 миллион афғонӣ будааст.

Бар асоси ин гузориш, дар тайи ҳамин муддат 10 ҳазору 33 маҳмулаи тиҷоратӣ ба вазни беш аз 309 ҳазор тон аз тариқи қаламрави Афғонистон ба таври транзит ба соири кишварҳо интиқол ёфтааст.

Ин дар ҳолест, ки бархе ниҳодҳои байналмилалӣ ҳамвора аз бадтар шудани авзои кунунии иқтисодии Афғонистон хабар додаанд.

Дар ин замина мудири Барномаи ҷаҳонии ғизо (WFP) дар Афғонистон рӯзи якшанбе вазъияти маишатӣ дар ин кишварро ноумедкунанда донисту гуфт, ин созмон буҷет барои кумак ба 10 миллион афғон, ки зери хати фақр зиндагӣ мекунандро надорад.

 

Барчасп