Тайиди интихоботи раёсати Ҷумҳурии Узбакистон аз суи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил
Дабири кулли ИДМ дурустии интихоботи зудҳангоми раёсати Ҷумҳурии Узбакистонро тайид кард.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Форс, Сергей Лабдов дабири кулли ИДМ имруз душанбе дар ҷамъи намояндагони расонаҳои дохили ва хориҷӣ гуфт: Интихоботи зудҳангоми раёсати Ҷумҳурии Узбакистон мутобиқи қавонини миллии ин кишвар баргузор шуд.
Лабдов афзуд: Гуруҳи нозирони ин ниҳоди минтақаӣ аз ҳавзаҳои зиёд дар ин кишвар боздид ва оромиш ва озодии амали райдиҳандагон дар ҳавзаҳо барои интихоби номзади матбуъашонро тайид мекунанд.
Дабири кулли ИДМ таъкид кард: Интихоботи зудҳангоми раёсати Ҷумҳурии Узбакистон нишонаи боризи истиқлоли мардуми ин кишвар аз ислоҳот ва рушди ҳамаҷониба аст.
Раиси ситоди марказии интихоботи Узбакистон низ имруз замони эъломи пирузии Мирзиёев раванди баргузории интихоботи зудҳангоми раёсати ҷумҳуриро мунтабиқ бо меъёрҳо ва стандартҳои қонунии ин кишвар шафоф тавсиф кард.