Июл 12, 2023 10:22 Asia/Dushanbe
  • Таини таклифи комили хутути марзии Қазоқистон ва Узбекистон
    Таини таклифи комили хутути марзии Қазоқистон ва Узбекистон

Сухангӯи умури хориҷаи Қазоқистон эълом кард таини марзҳои давлатӣ бо Узбекистон ба таври комил такмил шудааст.

Номушахас будани марзҳои байни ҷумҳӯриҳои истиқлолёфта аз Шӯрави, яке аз аслитарин далоили танишҳои марзӣ байни ин кишвраҳо аст. Ихтилофоти марзӣ борҳо кишварҳои истиқлолёфтаро рӯ дар рӯйи якдигар қарор дода ва ин рӯёрӯиҳо ҳатто то сарҳади даргирии низомӣ пеш рафтаанд.

Тақрибан ҳамаи кишвараои ҷудо шудаи Шӯрави, ҳаракат ба сӯйи таини дақиқи ҳудуди марзҳои муштарак бо ҳамсоягон ва поён додан ба ин танишҳоро оғоз кардаанд, ки Узбекистон ва Қазоқистон низ аз ин қоида  мустасно нестанд.

Ба гузориши хабаргузори  Форс, Оибек Самадиёров, сухангӯи Вазорати хориҷаи Қазоқистон гуфт: Тавофуқномаи таини таклифи комили марзҳои давлатии Қазоқистон ва Узбекистон дар таърихи дуввуми декабри 2022 дар Тошканд тавассути сарони дукишвар имзо шуд ва ба тасвиби парлумонҳои дукишвар расид.

Сухангуи Вазорати хориҷаи Қазоқистон ҳамчунин бо лозималиҷро шудани ин тавофуқнома ба маънои такмили комили раванди 19 солаи таини марзҳо байни Қазоқистон ва Узбекистон, афзӯд: Дар ҳоли ҳозир байни дукишвар ду ҳазору 357 киламетр марз бо ҳазору 301 нишонгар, марзбанди шудааст. 

Бештар бихонед: