Июл 15, 2023 20:07 Asia/Dushanbe
  • Поксозии мазраъаи хашхош дар шимоли Афғонистон
    Поксозии мазраъаи хашхош дар шимоли Афғонистон

Дар се моҳи гузашта садҳо гектар аз мазраъаи хашхош дар минтақаҳои мухталифи вилояти Бадахшон дар шимоли Афғонистон нобуд шуда аст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Ово идораи мубориза бо маводи мухаддири вилояти Бадахшон рузи шанбе эълом кард: Бо талоши неруҳои ин ниҳод дар се моҳи гузашта ҳудуди 4 ҳазор гектар аз заминҳои кишти хашхошдар минтақаҳои мухталифи ин вилоят поксози шуда аст.

Бар асоси ин гузориш токунун 95 дарсади кишти хашхош дар Бадахшон нобуд шуд ва боқимонда низ дар ояндаи наздик ба кишти ҷойгузин ихтисос хоҳад ёфт.

Ин дарҳоле аст, ки дар се моҳи гузашта мазраъаи хашхош дар аксари вилоятҳои Афғонистон нобуд шуда аст.

Барчасп