Июл 18, 2023 18:09 Asia/Dushanbe
  • Бидуни кумаки ғизоӣ Афғонистон ҳамчунон дар остонаи бурузи як фоҷеаи миллӣ қарор хоҳад дошт
    Бидуни кумаки ғизоӣ Афғонистон ҳамчунон дар остонаи бурузи як фоҷеаи миллӣ қарор хоҳад дошт

Барномаи Ҷаҳонии Ғизо теъдоди афғонистониҳои маҳрум аз ғизои кофиро ҳудуди понздаҳ миллион нафар арзёбӣ ва бар зарурати идомаи ироаи кумакҳои ғизоӣ ба мардуми маҳруми Афғонистон таъкид кард.

Ин дар ҳолест, ки Амрико дар соли 2001 замони ишғоли Афғонистон, ваъдаи сохтани кишваре бидуни мушкилро дод, аммо баъд аз ду даҳа ва фирори амрикоиҳо аз Афғонистон акнун ҷаҳониён шоҳиди Афғонистони ноором, тавъам бо буҳронҳои зиёди амниятӣ ва ҳатто ғизоӣ ҳастанд. Ба гунае, ки созмонҳои байналмилалӣ ҳам тавоноии таъмини ниёзҳои аввалияи мардуми Афғонистонро надоранд.

Аз ин рӯ мардуми Афғонистон баъд аз ду даҳаи ишғол ва шиорҳои авомфиребонаи Амрико, меросдори мушкилоти физояндае ҳастанд, ки сабабгори он Амрико аст, ки гуруснагии шадидеро бар мардуми мазлуми Афғонистон таҳмил мекунад.

Мавлавӣ Муфлеҳ, коршиноси масоили сиёсӣ дар ин бора мегӯяд: “Масъалаи гуруснагӣ на танҳо шароити ҳоли ҳозири мардуми Афғонистонро таҳдид мекунад, балки амнияту саломати насли ояндаи ин кишварро низ ба мухотира меандозад. Зеро бурузи гуруснагӣ ва сӯитағзия, кӯдакони Афғонистонро низ дар шароити бисёр бади зистӣ қарор медиҳад, ки метавонад саломати насли ояндаи ҷомеаи Афғонистонро таҳдид кунад”.

Он чӣ бештар нигаронкунанда аст, ин ки бино ба эъломи Барномаи Ҷаҳонии Ғизо, бо вуҷуди кумакҳои ғизоии эътошуда ба мардуми Афғонистон, 15 миллион нафар аз мардуми Афғонистон дар моҳи май ба ғизои кофӣ дастрасӣ надоштаанд. Аз ин рӯ бар зарурати идомаи ироаи кумакҳои ғизоӣ ба Афғонистон таъкид кардааст.

Бар асоси оморҳои мунташиршуда аз сӯи Созмони Милал, ҳудуди 29 миллион нафар дар Афғонистон ба дарёфти кумакҳои башарӣ ниёз доранд, дар ҳоле ки Афғонистон дорои заминҳои ҳосилхези кишоварзӣ ва манобеи обӣ аст, ин суол матраҳ аст, ки ин кишвар чаро бо мушкили ғизоӣ рӯ ба рӯ аст? Дар посух бояд гуфт, дар ду даҳаи ишғоли Афғонистон, Амрикову Англия монеъ аз иҷрои тарҳи кишти ҷойгузин ба ҷои кишти хашхошу соири маҳсулоти афюнӣ дар Афғонистон шуданд, зеро аз тариқи қочоқи маводи мухаддир аз каналҳои иртиботӣ бо хориҷ, ки дар ихтиёр доштанд, суди саршореро насиби худ мекарданд.

Алии Хазоӣ, коршиноси масоили Афғонистон дар ин бора мегӯяд: “Савдогарону мафияи маводи мухаддир дар канори ишғолгарон дар ду даҳаи гузашта, монеъ аз иҷрои тарҳҳои кишоварзӣ дар Афғонистон шуданд, ки метавонист ҳаддиақал мояҳтоҷи ғизоии мардуми Афғонистонро таъмин кунад. Дар тӯли таърихи на чандон зиёди Афғонистон собиқа надоштааст, ки ин кишвар ба ин мизон ба кумакҳои ғизоии байналмилалӣ барои наҷоти мардуми худ вобаста бошад”.

Дар ҳар ҳол, Амрико бо идомаи таҳримҳои Афғонистон ҳар рӯз бар мушкилоти мардуми ин кишвар меафзояд ва ин дар ҳолест, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ интизор дорад Амрико бо озод кардани дороиҳои басташудаи Афғонистон, роҳҳои интиқоли кумакҳои байналмилалӣ ба ин кишварро осон кунад.

Бархе аз таҳлилгарон ҳадафи аслии Амрико аз эъмоли фишорҳои музоаф бар мардуми Афғонистонро ҷо андохтани ҷудоии дин аз сиёсат дар ин кишвари суннатӣу вадингаро медонанд то роҳаттар битавонад насли ояндаи Афғонистонро бо худ ҳамроҳ кунад. Аз ин рӯ ба назар мерасад, ҳамчунон ташкили ҳукумати фарогир дар Афғонистон ва тақвияти ваҳдати миллӣ ва эҷоди таҳаррук дар бахши кишоварзиву саноатӣ ҳамчунон танҳо роҳи бурунрафти Афғонистон аз вазъият феълӣ аст то баҳонаро низ аз Амрико барои эъмоли фишори бештар бигирад.

Дар ғайри ин сурат Афғонистон ҳамчунон дар остонаи бурузи як фоҷеаи миллӣ қарор хоҳад дошт ва бидуни тардид Толибон ба унвони ҳокими ин кишвар масъулияти сангине дар баробари таъмини маводи ғизоӣ ва саломати мардуми Афғонистон дорад.

 

Барчасп