Иттиҳоми ҳимоят аз терроризм алайҳи мақоми аршади амниятӣ дар Қазоқистон
https://parstoday.ir/tg/news/middle_asia-i105160-Иттиҳоми_ҳимоят_аз_терроризм_алайҳи_мақоми_аршади_амниятӣ_дар_Қазоқистон
Номи раиси собиқи Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон ва ду нафар аз муовинонаш дар феҳристи ҳомиёни терроризм қарор гирифт.
(last modified 2025-09-23T13:17:57+00:00 )
Июл 19, 2023 17:33 Asia/Dushanbe
  • Номи раиси собиқи Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон дар листи ҳомиёни терроризм
    Номи раиси собиқи Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон дар листи ҳомиёни терроризм

Номи раиси собиқи Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон ва ду нафар аз муовинонаш дар феҳристи ҳомиёни терроризм қарор гирифт.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, асомии Карим Масимов, раиси собиқи Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон ва Анвар Садиқулов ва Давлат Ергожин, ду муовини собиқи вай расман дар феҳристи ҳомиёни терроризми ин кишвар қарор гирифт.

Созмони назорати молии Қазоқистон аз соли 2009 феҳристе аз омилони пулшӯӣ бо ҳадафи кумак ба терроризм мубодират кардааст.