Тавофуқи Афғонистон - Покистон - Узбекистон барои пружаи хати оҳани « Афғон-транс »
Мақомоти Афғонистон, Покистон ва Узбекистон бар иҷрои пружаи хати оҳани « Афғон-транс » тавофуқ карданд.
Пружаи хати оҳани Афғон - транс бо убӯр аз хоки Афғонистон,кишварҳои Осиёи марказиро бо кишварҳои ҷануби Осиё пайванд мекунад.
Ба гузориши Садои Хуросон, мақомоти Афғонистон, Покистон ва Узбекистон дар нишасте дар Исломобод рӯйи масири пружаи хати оҳани « Афғон-транс », ки аз Мазори Шариф оғоз ва то гузаргоҳи марзии Хурлочии вилояти Пактиё идома дорад, мувофиқат карданд.
Бар асоси иттилоъияи мунташиршуда тавассути идораи роҳи оҳани Афғонистон дар ин нишаст ҳамчунин барномаи яксола ҷиҳати пешбурди умӯри ин пружа манзур шуд, ки бар асоси он яке аз ширкатҳои машваратии байналмиллалӣ иттилооти лозим роҷеъ ба ин пружаро таҳия карда ва сипас онро бо равишҳои мухталиф бо созмонҳои молии байналмиллалӣ ва кишварҳо ба иштирок мегузорад, то кишварҳову созмонҳои молии байналмиллалӣ барои сармоягузорӣ рӯйи ин пружа тарғиб шаванд.