Тавсеаи энержии пок дар Узбекистон ба кумаки Чин
Август 05, 2023 20:25 Asia/Dushanbe
Як қатори бории ҳомили 50 кантейнер панили хуршедӣ ба зарфияти як гигабайт, аз Чин ба мақсади Узбекистон ҳаракат кард.
Ба гузориши хабаргузории Форс, ин маҳмӯла қарор аст дар пружае мубтанӣ бар энержиҳои нав истифода шавад.
Ба гуфта намояндагони ширкати паймонкори China Energy Engineering Corporation Limited, баҳрабардорӣ аз ин тарҳ имкони тавлиди солонаи ду миллиарду 400 миллион киловатт/соат энержиро пок фароҳам мекунад.
Интизор меравад дар маҷмӯ 60 қатори боргирӣ шуда бо ҳудӯди се ҳазор кантейнер, барои иҷрои ин тарҳ дар Узбекистон, дар масири ҳамлу нақли рейлии "Чин - Аврупо" ҳаракат кунанд.
Барчасп