Август 14, 2023 19:53 Asia/Dushanbe
  • Вокуниши раиси Ҷумҳурии Қирғизистон ба изҳороти сенатори амрикоӣ
    Вокуниши раиси Ҷумҳурии Қирғизистон ба изҳороти сенатори амрикоӣ

Раиси Ҷумҳурии Қирғизистон изҳороти мудохилаҷуёнаи сенатори амрикоиро талош барои эъмоли фишор ба ин кишвар тавсиф кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Садир Ҷаборов раиси Ҷумҳурии Қирғизистон номаи Боб Менендесро талош барои эъмоли фишор ва дахолати ғайри қобили қабул дар умури дохилии як кишвари мустақил тавсиф кард.

Ҷаборов таъкид кард Қирғизистон кишвари мустақил аст ва ба равобити баробари бо ҳамаи кишварҳо идома хоҳад дод.

Раиси Ҷумҳурии Қирғизистон бо ишора ба ин ки Русия ба кишвари кучаки ҳамчун Қирғизистон вобаста нест гуфт: Русия қодир аст ақломи мавриди ниёзи худро аз ҳар кишвари дигар таҳия кунад.

Гуфтани аст сенатори амрикоӣ дар номаи худ Қирғизистонро таҳти ҳукумати Ҷаборовро ба ҳаракат ба суи истибдод мутаҳам кард ва хостори назорати шадиди ин кишвар бар раванди убури колоҳо аз марзҳо ин кишвар шуда аст.

Барчасп