Сафари ҳайати вижаи иқтисодии Узбекистон ба Афғонистон
(last modified Sat, 26 Aug 2023 14:17:16 GMT )
Август 26, 2023 19:17 Asia/Dushanbe
  • Сафари ҳайати вижаи иқтисодии Узбекистон ба Афғонистон

Ҳайати иқтисодии Узбекистон бо ҳадафи густариши ҳамкориҳои санъатӣ ва иқтисодӣ вориди пойтахти Афғонистон шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Садои афғон, мақомоти вазорати санъат ва тиҷорати давлати муваққати Толибон вуруди ин ҳайати 30 нафараи Узбекистон ба Кобулро таъйид кардааст.

Раёсати ин ҳайатро Нозимҷон Холмуродов, муовини аввали вазорати санъати Узбекистон бар ӯҳда дорад.

Вазорати санъат ва тиҷорати Афғонистон имрӯз (шанбе) дар X «Twitter»-и собиқ навишт, масъӯлони ин вазоратхона ба муддати ду рӯз дар бораи ҳамкорӣ дар заминаи барқ, фанноварӣ ва ғизо бо музокиракунандагони узбек гуфтугу хоҳанд кард.