Август 28, 2023 12:07 Asia/Dushanbe
  • Амирхон Муттақӣ: Афғонистон бозори хубе барои тавлидоти Эрон аст
    Амирхон Муттақӣ: Афғонистон бозори хубе барои тавлидоти Эрон аст

Сапарасти Вазорати умури хориҷаи ҳукумати Толибон гуфт: Афғонистон бозори хубе барои тавлидоти санъатии Эрон аст.

Ба гузориши Садои Хурсон, Ҳофиз Зиё Аҳмад Такул, муовини сухангӯи Вазорати умури хориҷаи ҳукумати Толибони Афғонистон аз дидори аъзои ҳайати Маҷлиси Шурои Исломии Эрон бо Амирхон Муттақӣ сарпарасти Вазорати умури хориҷаи Афғонистон хабаро дод ва эълом кард, дар ин дидор дар  бораи густариши ҳамкориҳои дуҷониба, амният мубориза бо қочоқи маводи мухаддир ва масоъили марзӣ баҳсу гуфтугӯ шуд.

Муттақӣ дар ин дидори гуфт: Афғонистон бозори хубе барои колоҳои санъатии Эрон аст, бино бар ин лозим аст, Афғонистон дар заминаи тиҷорат ва ҳамлу нақли таслиҳоти Толибон дар бахши дигаре аз изҳороташ гуфт: Ба рӯйи кор омадани ин ҳукумат, амнияти Афғонистон барқарор шудааст ва нерӯҳои амнияти тавонистаанд, гурӯҳҳои террористии ДОИШ-ро нобуд кунанд.

"Амирхон Муттақӣ" бо  баёни ин, ки таъмини амнияти саросарӣ дар Афғонситон, на танҳо ба нафъи ин кишвар, балки ба нафъи минтақа ва ҷаҳон аст, афзӯд: Дар мубориза бо маводи мухаддир низ иқдомоти муассир анҷом шуда ва кишти хашхош тақрибан ба  сифр расидааст.