Тавофуқи мақомоти Тошканд - Кобул барои афзоиши ҳамкориҳои транзитӣ
Вазири роҳу нақлиёти Узбекистон дар дидор бо вазири ҳамлу нақли Толибони Афғонистон барои баҳрагирӣ аз тамомии зарфиятҳо ҷиҳати густариши ҳамлу нақли транзитии миёни ду кишвар тавофуқ карданд.
Ба гузориши хабаргузории Форс, дар дидори Илҳом Маҳкамов ва мулло Ҳамидуллоҳ Охундзода дар Кобул ташкили коридори ҳамлу нақли байналмиллалӣ барои дастрасӣ ба банодири уқёнуси Ҳинд, густариши ҳамкории ширкатҳои логистикии ду кишвар ва эҷоди шароити мусоид барои ширкатҳои ҳамлу нақли ҷодаии байналмилалӣ мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт.
Тарафҳо ҳамчунин дар бораи рафъи маҳдудиятҳои транзитӣ аз хоки Афғонистон машварат карданд .
Гуфтанӣ аст ду даҳа ишғоли Афғонистон тавассути Амрикову муттаҳидонаш ба баҳонаи мубориза бо тероризм тақрибан тамомии зерсохтҳои ин кишварро нобуд кардааст.
Бештар бихонед :
- Сафари ҳайати вижаи иқтисодии Узбекистон ба Афғонистон