Русияву Чин дар сархати сармоягузорони хориҷии Узбекистон
https://parstoday.ir/tg/news/middle_asia-i106744
Беш аз 12 ҳазор ширкату созмон бо мушорикати сармоягузорони хориҷӣ дар Узбекистон фаъол аст.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Август 29, 2023 13:26 Asia/Dushanbe
  • Русияву Чин дар сархати сармоягузорони хориҷии Узбекистон

Беш аз 12 ҳазор ширкату созмон бо мушорикати сармоягузорони хориҷӣ дар Узбекистон фаъол аст.

Ба гузориши хабаргузории Форс, бар асоси гузориши Созмони омори Узбекистон бештари ин ширкатҳо ба Русия ( 2872 ширкат )ин ( 1873 ширкат ), Туркия ( 1736 ширкат ) ва Қазоқистон ( 951 ширкат ) таъаллуқ доранд.
Бино бар ин гузориш арзиши тиҷорати хориҷии Узбекистон бо Русия дар муқоиса бо муддати мушобеҳи соли гузашта ( январ то июл ) беш аз 8 дарсад ва бо Чин беш аз 30 дарсад афзоиш ёфтааст.
Дар ҳоли ҳозир Чин бузургтарин ҳамкори иқтисодӣ ва бозаргонии Узбекистон аст. Мубодилоти бозаргонии ду кишвар дар нимаи аввали имсол ба 5 миллиарду 300 миллион доллар расид.

 

Бештар бихонед :