Таҳлил: Нигаронии Тоҷикистон ва Узбакистон аз сиёсатҳои ҳукмронии Толибон
Эмомалӣ Раҳмон раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нишасти машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Душанбе гуфт: Ҳамчунон нигарони афзоиши таҳдидҳои террористӣ ҳастем, ки аз Афғонистон сарчашма мегирад.
Эмомалӣ Раҳмон раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин нишаст афзуд: Тавлиди маводи мухаддир ва тарадуд аз марзи Тоҷикистон низ чанди баробар афзоиш ёфта аст.
Аз замони ҳоким шудани муҷададаи Толибон дар Афғонистон дар ҳудуди ду соли гузашта масъалаи амнияти марзҳои муштарак ба унвони чолиши муҳим байни Тоҷикистон ва Афғонистон матраҳ буда аст зеро яке аз далелҳои бозгашти Толибон ба қудрат дар Афғонистон дар чорчуби сиёсатҳои Амрико дар ростои транзити терроризм ба кишварҳои ҳавзаи Осиёи Марказӣ талақи мешавад.
Ба ҳамин далел ин нигарони дар Тоҷикистон ҳамчунон вуҷуд дорад, ки сарези ноамниҳо аз Афғонистон мутаваҷеҳи марзҳои ин кишвар шавад аз инру ба гуфтаи манобеъи Тоҷикистон теъдоди постгоҳҳои Тоҷикистон дар марзи бо Афғонистон ба болотар аз 100 постгоҳ афзоиш ёфта аст ва ҳамчунон давлати Душанбе нигарони терроризм ва ноамни ба дохили кишвари худ аз Афғонистон аст.
Асадуллоҳ Зоири коршиноси масоили минтақа дар ин бора мегуяд: Яке аз далелҳои афзоиши нигарони дар Тоҷикистон танишҳои ин кишвар бо Толибон аст истиқрори бархе аз мухолифони ин гуруҳ дар Тоҷикистон ба беэътимодии шадиди миёни ду тараф доман мезанад ва Тоҷикистон нигарони нузуфи терроризм аз вилояти Бадахшон ба дохили ин кишвар аст.
Дар ин ҳол нигаронии кишварҳои минтақа маҳдуд ба Тоҷикистон нест балки Шавкат Мирзиёев раиси Ҷумҳурии Узбакистон низ аз тарҳи Толибон барои сохти канали Қуштапа вокуниш нишон дод ва таъкид кард ин канар бар сарзер шудани об дар Осиёи Марказӣ асар мегузорад.
Вай ки дар нишасти сарони сандуқи байналмилали барои наҷоти дарёи Орол дар шаҳри Душанбе пойтахти Тоҷикистон суханг мегуфт пешниҳод кард, ки Афғонистон дар гуфтугуҳо бар сари истифодаи муштарак аз манобеъи оби дар Осиёи Марказӣ ширкат кунад масъалаи об яке аз муҳимтарин мавориди чолиши миёни Афғонистон ва кишварҳои ҳамсоя аст, ки аз оби рудхонаи муштарак баҳрабардори мекунанд Омударё аз рудхонаҳои муштарак аст, ки бахши васеъи аз заминҳои кишоварзии Узбакистон ба хусус пахта ба оби Омударё вобаста аст.
Ба ҳамил далел раиси Ҷумҳурии Узбакистон эълом кард ба далели таъсироти сохти канали Қуштапа бар вазъияти обии минтақа ташкил коргуруҳи муштаракро барои баррасии ҳамаҷонибаи сохти канали Қуштапа ва асари он бар режими обии Омударё бо мушорикати муассисоти таҳқиқоти кишварҳоямон зарури медонад.
Канали обёрии Қуштапа бузургтарин тарҳи интиқоли об дар шимоли Афғонистон аст, ки зарфияти интиқоли 10 миллиард метри мукаъаб об аз рудхонаи Омударё дорад тули ин канал 285 километр ва арзи он 152 метр ва умқи он 5.8 то 5.12 метр аст ба навиштаи экономиз тарҳи канали обии Қуштапа такмил шавад метавонад мунҷар ба афзоиши даргириҳои минтақаӣ шавад зеро ин тари обро аз Омударё дар наздикии марзи бо Узбакистон ки барои обёрии мазраъаи пахта, ки бузургтарин манбаъи иштиғол дар ин кишвар аст ба дохили Афғонистон ҳидоят мекунад.
Наҷибуллоҳ Асади коршиноси об ва муҳити зист дар ин бора муътақид аст тарҳи Қуштапа иддаои баландпарвозонаи ҳукумати Толибон аст, ки дар садад аст бо пешбурди сареъи он худро ба унвони ҳукмрони тавоно ба тасвир бикашад, ки ба дунболи рушди Афғонистон аст. Толион бо намоиши қудрат худро дар иҷрои тарҳҳои зерсохтии баландпарвозона нишон медиҳад, ки нигарони ояндаи Афғонистон аст ва бар ин асос зимни ҷалби таваҷуҳи афкори умумӣ қудрати худро дар кишвар тасбит кунанд.
Дар ҳар ҳол раванди сиёсатҳои ҳукумронии Толибон дар Афғонистон бо ҳар ҳадафе, ки сурат гирифта бошад сабаби ташдиди нигарони дар бахшҳои амниятӣ ва муҳити зист шуда аст ва ин метавонад ба танишҳои минтақаӣ ба хусус дар мавриди об доман бизанад ин дар ҳоли аст, ки кишварҳои ҳамсоя интизор доранд Толибон ба унвони ҳокими масъул амал кунад.