Сентябр 30, 2023 11:44 Asia/Dushanbe
  • Тавофуқи Қирғизистону Чин бар тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодӣ

Муовини нахуствазири Қирғизистон бо раисони теъдоде аз ширкатҳои чинӣ дидор кард.

Боқият Турабоев-муовини нахуствазири Қирғизистон дар чорчӯби як сафари корӣ ба Чин бо раисони теъдодӣ аз ширкатҳои ин кишвар дидор кард.
Дар ин дидор тарафҳо дар мавриди ҷанбаҳои мусбати ҳамкориҳои дуҷониба гуфтугу карданд.
Намояндагони ин ширкатҳо ба баёни фаъолиятҳои худ ва манфиатҳои истифода аз фанновариҳои пешрафта дар бахшҳои мухталифи иқтисод пардохтанд .
Дар ин дидор ҳамчунин бо намояндаи Ожонси давлатии ҳамкорӣ ва тавсеаи байналмилалӣ,чашмандози иҷрои пружаҳои вобаста бар кумакҳои молии давлати Чин ва чашмандози густариши ҳамкориҳои молӣ ва фаннии дуҷониба мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт.
 

 

Барчасп