Октябр 01, 2023 12:02 Asia/Dushanbe
  • Натоиҷи нишасти ҳамсоягони Афғонистон дар Қозони Русия
    Натоиҷи нишасти ҳамсоягони Афғонистон дар Қозони Русия

Намояндаи вижаи раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар умур Афғонистон гуфт амрикоиҳо ҳамчунон ба шайтанатҳои худ дар Афғонистон идома медиҳанд ва ба дунболи эҷоди дағдаға ва нигарони барои кишварҳои минтақа аз ҷумла ҳамсоягони Афғонистон ҳастанд.

Ба гузориши хабаргузории Эрон пресс, Ҳасани Козимии Қумӣ шанбешаб дар поёни нишасти ҳамсоягони Афғонистон дар шаҳри Қозони Ҷумҳурии Тотористони Русия шаклгирии гуруҳи тамоси тавассути кишварҳои ҳамсояи Афғонистонро муҳимтарин дастоварди ин нишаст донисту гуфт бо вуҷуди гузашт беш аз ду сол аз фирори амрикоиҳо аз Афғонистон аммо ин кишвар ҳамчунон ба шайтанатҳои худ дар Афғонистон идома медиҳад.

Намояндаи вижаи раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар умӯри Афғонистон ба идомаи ҳимояти Амрико аз тероризм ва ДИИШ ишора ва таъкид кард. Вашингтон бо ташдид бесаботӣу ноамнсозӣ Афғонистон ба дунболи эҷоди пойгоҳ дар бархе кишварҳои ҳамсоя Афғонистон аст.

Козимии Қумӣ гуфт  кишварҳои ҳамсояи Афғонистон дар нишасти Қозон ба ин ҷамъи бандии расиданд ки бояд дар чорчуби ҳаракати ҷамъӣ ва ибтикори минтақаӣ зимни ҳамкори бо ҳокимони Кобул,  шароитро дар Афғонистон тағир диҳанд.

Барчасп