Размоиши муштараки Қазоқистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон дар дарёи Хазар
Неруии дарёии Қазоқистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон ба муддати як ҳафта дар дарёии Хазар размоиши муштарак баргузор мекунанд.
Ба гузориши хабаргузории ИРНА, бар асоси барномаи иқдоми муштараки имзошудаи байни Вазорати дифои Ҷумҳурии Қазоқистон ва Вазорати дифои Ҷумҳурии Озарбойҷон размоиши тактикии муштарак "Хазарӣ – 2023" бо ҳузури новҳои ҷангӣ ва неруии дарёии ду кишвар дар ҳол баргузарӣ аст.
Ҳамчунин Субҳон Боқиров фармондиҳи неруии дарёии Ҷумҳурии Озарбойҷон бо Бекжонов фармондиҳи неруии дарёии Қазоқистон дидору гуфтугу кард.
Боқиров дар ин дидор таъкид кард, ин размоиши дарёӣ ба табодули таҷрибиёти мутақобили байни низомиёни ду кишвар, иртиқои сатҳи ҳирфаи сатҳи омӯзишии онҳо кумак хоҳад кард.
Ин размоиш то 8 октябр идома хоҳад дошт.