Октябр 08, 2023 10:14 Asia/Dushanbe
  • Дидори нахусти вазири Русия ва раиси Ҷумҳурии Узбекистон
    Дидори нахусти вазири Русия ва раиси Ҷумҳурии Узбекистон

Нахусти вазири Русия ва раиси Ҷумҳурии Узбекистони роҳҳои таъсиси бунёди муштараки тавсеа барои сармоягузорӣ дар тарҳҳои саноатиро баррасӣ мекунанд.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Шавкати Мирзиёев раиси Ҷумҳурии Узбекистон ва Михаили Мишустин нахуствазири Русияи имруз шанбе пас аз дидор ва гуфтугу дар Маскав эълом кардандм ду кишвар имкони таъсиси бунёди муштараки тавсеаро барои сармоягузорӣ дар тарҳҳои саноати ва дигар барраси мекунанд.

Раиси Ҷумҳури Узбекистон зимни эъломи ин тасмим ҳамкории бо Русияро самарбахш ва зарурати муҳим хонд ва афзуд Узбекистони дар ҳамкории бо Русия ҷадди аст.

Мишустин низ бо ишора ба афзоиши 14.5 дарсадии мубодилоти бозаргонии Узбекистон-Русия дар 7 моҳи гузаштаи сол ҷорӣ гуфт арзиши бозаргонии байни ду кишвар дар ин аз сатҳи 470 миллиард рубл ё 58 триллион сум фаротар рафтааст.

Нахусти вазири Русияи таҳсили 63 ҳазор донишомузи Узбак дар ин кишварро таъйид кард ва аз афзоиши кумаки ҳазинаи эътоӣ ба донишҷуёни Узбак хабар дод.

Барчасп