Сафари раисони ҷумҳурии Узбекистону Қазоқистон ба Чин
Руасои ҷумҳури Узбекистону Қазоқистон бино ба даъвати ҳамтои чинии худ барои ҳузур дар сеюмин нишасти байналмилалии «Як камарбанд як ҷода» ба Пекин мераванд.
Ба гузориши хабаргузории Форс, Шавкат Мирзиёев, раисиҷумҳури Узбекистон бино ба даъвати Си Ҷинпинг, раисиҷумҳури Чин барои ҳузур дар маросимҳои сеюмин нишасти байналмилалии «Як камарбанд як роҳ» бо як сафари корӣ ба шаҳри Пекин меравад.
Гуфта мешавад, раисиҷумҳури Узбекистон дар ин нишасти суханронӣ ва назароти худро дармавриди масоили рӯзи ҳамкориҳои байналмилалӣ дар чорчӯби ибтикороти «камарбанду ҷода» табйин кунад. Ҳамчунин барномарезӣ шуда раисиҷумҳури Узбекистон бо раисиҷумҳури Чин ва Вонг Ҳонинг, раиси Конфронси машваратии сиёсии Халқи Чин ва дигар мақомоти ин кишвар низ дидор кунад.
Дар ҳамин ҳол, Қосим Ҷомарт Тоқаев,раисиҷумҳури Қазоқистон низ рӯзҳои 17 ва 18 октябр ба Пекин сафар мекунад.
Тоқаев дар Пекин бо раисиҷумҳур, нахуствазири Шӯрои давлатӣ ва раиси Кумитаи доимии Конгресси миллии халқи Чин ҳам гуфтугӯ хоҳад кард.