Раисиҷумҳури Узбекистон хабар дод: Кумаки 1.5 миллиондолларии Узбекистон ба мардуми Ғазза
Раисиҷумҳури Узбекистон бо ишора ба кумаки 1.5 миллиондолларии ин кишвар ба мардуми Ғазза гуфт, мо аз ҳаққи мардуми Фаластин барои эҷоди кишваре мустақил ҳимоят мекунем.
Ба гузориши хабаргузории Форс дар Тошканд, Шавкат Мирзиёев, раисиҷумҳури Узбекистон дар нишасте бо ишора ба авзоъи кунунии Фаластин гуфт: Мо ҳамбастагии қавии худро бо мардуми Фаластин иброз ва аз ҳаққи онҳо барои эҷоди кишвари мустақили худ, мутобиқ бо қатъномаҳои қаблии Маҷмаъи умумӣ ва Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид ҳимоят мекунем.
Мирзиёев афзуд, даргириҳои мусаллаҳонаи режими саҳюнистӣ ва Ҳамос, буҳрони инсониро ташдид мекунад, ки мунҷар ба куштори ғайринизомиёну афроди бегуноҳ мешавад. Кӯдакон ва занон мемиринад, мардум бехонумон ва маҷбур ба тарки хонаҳои худ мешаванд.
Вай изҳор дошт, Узбекистон як миллиону 500 ҳазор доллар ба Ожонси Ховари Миёнаи Созмони Милали Муттаҳид барои ироаи тамоми кумакҳои мумкин ба мардум дар Навори ғазза ихтисос додааст.
Раисиҷумҳури Узбекистон таъкид кард, ҳамаи инҳо метавонад, авоқиби фоҷеъабори ғайриқобили пешбинӣ дошта бошад. Эҳтимоли инки ин даргириҳо аз Ховари Миёна фаротар биравад, вуҷӯд дорад. Ба ҳамин далел мо аз ҳар ду тараф хостори оташбаси фаврии башардӯстона ва таваққуфи даргириҳои мусаллаҳона, ҳаллу фасли мусолиматомези даргириҳо ҳастем.
Вай идома дод, минтақаи Осиёи Марказӣ таҷрибаи беназире аз ҳамзистии мусолиматомези намояндагони миллиятҳо ва адёни мухталифро дораду тайи қурун инҷо мусулмонон, масеҳиён ва яҳудиён дар дӯстӣ ва тавофуқ дар канори ҳам зиндагӣ мекунанд.
Раисиҷумҳури Узбекистон дар поён унвон кард, ҳамчунин фурсатро муғтанам шумурда аз ҳамватанон бавижа ҷавонон тақозо дорам, ки таслими таҳрикоти мухталиф нашаванду даст ба иқдомоти ғайриқонӯнӣ назананд. Мо бояд бо ҳам аз зиндагии мусолиматомезу ороми худ, фазои ваҳдату ҳусни тафоҳуми ҳоким бар кишварамон, ки бузургтарин қудрату сарвати гаронбаҳои мост, муҳофизат кунем.