Осиёи Марказӣ дар хатари камобӣ
(last modified Mon, 06 Nov 2023 05:12:45 GMT )
Ноябр 06, 2023 10:12 Asia/Dushanbe
  • Осиёи Марказӣ яке аз андак манотиқи ҷаҳон аст, ки энержии обӣ камтар аз 25 дарсад дар он густариш ёфтааст
    Осиёи Марказӣ яке аз андак манотиқи ҷаҳон аст, ки энержии обӣ камтар аз 25 дарсад дар он густариш ёфтааст

Раиси ҳайати мудираи Бонки Тавсеаи АвруОсиё пешбинӣ кард, Осиёи Марказӣ дар солҳои 2028 то 2029 бо камбуди шадиди об мувоҷеҳ хоҳад шуд.

Бонки Тавсеаи АвруОсиё як созмони молии байналмилалӣ бо тамаркуз бар фаъолиятҳои сармоягузорӣ дар маҳдудаи АвруОсиёст.

Тоҷикистон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Русия кишварҳои узви ин бонк ҳастанд.

Бар асоси гузориши Бонки Тавсеаи АвруОсиё, Осиёи Марказӣ яке аз андак манотиқи ҷаҳон аст, ки энержии обӣ камтар аз 25 дарсад дар он густариш ёфтааст.

Дар ҳоли ҳозир беш аз 80 нерӯгоҳи барқи обӣ дар ин минтақа фаъол ҳастанд, ки маҷмӯи зарфияти онҳо ҳудуди 14 ҳазор мегаватт аст.

Бузургтарин пружаҳои дар ҳоли иҷро дар минтақаи Осиёи Марказӣ, шомили нерӯгоҳҳои “Роғун”-и Тоҷикистон бо зарфияти се ҳазору 600 мегаватт дар Тоҷикистон ва “Қвмбарота” дар Қирғизистон бо зарфияти ҳазору 860 мегаватт мешавад.

Ба гузориши хабаргузории ИРНА, Николай Подгузев, раиси ҳайати мудираи Бонки Тавсеаи АвруОсиё (EDB) дар конгресси ҷаҳонии барқи обӣ дар Бали  Индонезия) бо ишора ба афзоиши қобили тавваҷуҳи масрафи барқ дар Осиёи Марказӣ гуфт, дар ин минтақа энержии обӣ на танҳо дар тавлиди барқ, балки дар танзими ҷараёни рӯдхонаҳо барои аҳдофи обёрӣ нақши калидӣ ифо мекунад.

Вай изҳор дошт, кишварҳои минтақа ба истифодаи чандманзура аз манобеи обии худ ва ҷазби сармоя барои густариши зерсохтҳову зарфиятҳои обӣ, аз ҷумла нерӯгоҳҳои барқи обӣ ва системаҳои обёрӣ алоқаманд ҳастанд.

Ба гуфтаи раиси ҳайати мудираи Бонки Тавсеаи АвруОсиё, сохти нерӯгоҳҳои барқи обии ҷадид ба густариши энержиҳои пок, таъмини пойдории об ва афзоиши амнияти ғизоӣ кумак мекунад.

 

Бештар бихонед: