Азми Узбакистон барои сохти 250 нерӯгоҳи хурди барқи обӣ
(last modified Fri, 20 Jan 2023 15:51:50 GMT )
Январ 20, 2023 20:51 Asia/Dushanbe
  • Сохти 250 нерӯгоҳи барқӣ обии хурд
    Сохти 250 нерӯгоҳи барқӣ обии хурд

Узбпкистон барномарезӣ кардааст, ки дар ояндаи наздик 250 неругоҳи барқӣ обии хурд бунёд кунад, ки метавонанд солона 675 миллион киловатт/ соат барқ тавлид кунанд.

Дар нишасте, ки ба раёсати Шавкат Мирзиёев, раисиҷумҳур баргузор шуд, эълом шуд, Узбакистон барномарезӣ кардааст, дар ояндаи наздик 250 нерӯгоҳи барқӣ обии хурд бунёд кунад, ки онҳо метавонанд солона 675 миллион киловатт/соат барқ тавлид кунанд.

Дар ин нишаст таъкид шуд, ки дар ҷараёни тавсеаи системаи энержии ин кишвар аз тамоми анвоъи энержӣ истифода мешавад. Ҳамзамон бо тавсеаи зарфиятҳои мавҷуд неругоҳҳои ҷадиди хуршедӣ, бодӣ ва обӣ эҳдос мешаванд.

Аз ҷумла дар солҳои ахир дар заминаи барқи обӣ 27 пружа ба арзиши 500 миллион доллар иҷро шуда ва 260 мегаватт зарфияти тавлиди изофӣ эҷод шудааст. Зарфияти кулли истгоҳҳо дар системаи гидроэнергетикии Узбакистон аз сатҳи 2 ҳазор мегаватт фаротар рафтааст. Ин ба маънои сарфаҷӯии 2 миллиард метри мукааб гази табиӣ дар сол аст.

Барномарезӣ шудааст, дар соли ҷории милодӣ 7 таъсисот ва 10 нерӯгоҳи барқӣ обии хурд бо зарфияти 197 мегаватт ба баҳрабардорӣ расад. Ҳамчунин корҳои иҷроии 8 пружа ва сохти 50 нерӯгоҳи барқӣ обии хурд бо зарфияти 438 мегаватт оғоз хоҳад шуд.

Бар асоси баровардҳо, неругоҳҳои барқӣ обии хурд оянда метавонанд 675 миллион киловатт/соат барқ тавлид ва 200 миллион метри мукааб газ дар сол сарфаҷӯӣ кунанд.