Тармими осори бостонӣ дар ғарби Афғонистон
Кумитеи коршиносон барои осебшиносӣ ва тармими осори торихӣ ва бостонии вилояти Ҳирот дар ғарби Афғонистон ташкил шуд.
Дар пайи нигарониҳо аз тахриби осори торихӣ ва бостонӣ дар вилояти Ҳирот ба далели тағиротҷуи раёсати иттилоот ва фарҳанги ин вилояти рузи сешанбе эълом кард ки кумитеро бо ҳадафи тармими осори торихии минтақа ташкил дода аст.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон Рақибуллоҳи Ризвонӣ масъули ҳифзи осори торихӣ ва бостонии раёсати иттилоот ва фарҳанги Ҳироти афзуд: Аз нуфузи борону барф ба дохили пояҳои бархе аз осори торихии ҷилавгирӣ шуда ва ҳамчунин як тим ба хотири осебшиносии амокини торихӣ аз ниҳодҳои мухталиф аз ҷумлаи шаҳрсозӣ, шаҳрдорӣ ва аз ҳифзи осори бостонии ташкил шудааст.
Гуфта мешавад бештари осори торихӣ ва бостонӣ аз ҷумла масҷиди ҷомеъ, қалъаи торихии Ихтиёруддин ва минораҳои Ҳирот дар пайи зилзилаҳои ахир дар ин вилояти осеб дидаанд.