Мухолифати Толибон бо ҳузӯри нерӯҳои хориҷӣ дар Афғонистон
(last modified Tue, 21 Nov 2023 12:12:31 GMT )
Ноябр 21, 2023 17:12 Asia/Dushanbe
  • Мухолифати Толибон бо ҳузӯри нерӯҳои хориҷӣ дар Афғонистон
    Мухолифати Толибон бо ҳузӯри нерӯҳои хориҷӣ дар Афғонистон

Сухангӯи ҳукумати Толибони Афғонистон дар вокуниш ба изҳороти раисиҷумҳӯри собиқи Амрико, таъкид кард,ки Кобул иҷозаи истифода аз хоки худ алайҳи ҳеҷ кишвареро нахоҳад дод.

Image Caption

Доналд Трам раисиҷумҳӯри собиқи  Амрико ҳафтаи гузашта дар як суханронӣ гуфтабуд,ки дар сурати пирӯзӣ дар интихоботи раёсваҷумҳӯри дар соли 2024, кантроли пойгоҳи ҳавои дар Афғонистонро дубора ба даст  хоҳад гирифт ва аз ин макони роҳбурди барои назорат ва кантроли Чин истифода хоҳад кард.

Ба гузориши  хабаргузории Ово, Забеҳуллоҳ Муҷоҳид сухангӯи ҳукумати Толибони Афғонистон  дар вокуниш ба изҳороти Трамп гуфт:  «Мо иҷозаи намедиҳем, ки хоки Афғонистон майдони бозиҳои сиёсӣ байни кишвраҳо бошад..»

Муҷоҳид афзӯд:  «Иҷоза намедиҳем ҳатто як нерӯи  хориҷӣ дар Афғонистон ҳузӯр дошта бошад..»