Сафари ҳайати вазорати кишоварзии Толибон ба Узбекистон +акс
Ҳайате аз вазорати кишоварзӣ ва обёрии ҳукӯмати Толибони Афғонистон ба раёсати Садри Аъзам Усмонӣ, муовини ин вазоратхона озими Узбекистон шуд.
Мисбоҳиддин Мустаъин, сухангӯи вазорати кишоварзӣ ва обёрии ҳукӯмати Толибони Афғонистон дар гуфтугӯ бо хабаргузории “Ово” афзуд, ҳадаф аз сафари ин ҳайат ба Узбекистон тақвияти равобиту ҳамоҳангӣ миёни сармоягузорони бахши кишоварзӣ ва густариши ҳамкориҳо миёни ду кишвар дар бахши кишоварзӣ ва домдорист.
Вай афзуд, қарор аст дар ин сафар ҳайати вазорати кишоварзӣ ва обёрии Толибон бо масъӯлони вазорати кишоварзии Узбекистон дидору дар хусӯси масоили мавриди алоқа гуфтугӯ кунанд.
Ин дар ҳоле аст, ки чанде қабл дар сафари ҳайти баландпояи Узбекистон ба сарпарастии муовини нахуствазири ин кишвар ба Кобул, тарафи узбекистонӣ омодагии худро барои таъмиқи муносибот бо Афғонистон дар бахшҳои мухталиф эълом карда буд.