Таъкиди Чин ва Узбакистон бар таҳкими ҳамкориҳои ҳамаҷониба
Ноябр 23, 2023 20:08 Asia/Dushanbe
Вазири умури хориҷаи Чин дар дидор бо ҳамтои узбакистонии худ дар шаҳри Пекин бар таҳкими ҳамкориҳои ҳамаҷониба таъкид карданд.
Чин бузургтарин ҳамкори иқтисодӣ ва бозаргонии Узбакистон аст ва мубодилоти бозаргонии ду кишвар дар соли 2022 мелодӣ дар сатҳи 9 миллиард доллар қарор гирифтааст.
Ба гузориши хабаргузории Форс,Ванг Йи-узви дафтари сиёсии Кумитаи марказии ҳизби коммунист ва вазири хориҷаи Ҷумҳурии халқи Чин дар чорчуби дидоре бо Бахтиёр Саидов- вазири хориҷаи Узбакистон дар Пекин бар таъмиқи ҳамкориҳои ҳамаҷониба таъкид карданд