Пазириши намояндаи Толибон ба унвони сафири Афғонистон дар Чин
(last modified Sat, 02 Dec 2023 07:34:56 GMT )
Декабр 02, 2023 12:34 Asia/Dushanbe
  • Пазириши намояндаи Толибон ба унвони сафири Афғонистон дар Чин

Намояндаи Толибон устуворномаи худ ба унвони сафири Афғонистонро ба Вазорати хориҷаи Чин тақдим кард.

Толибон аз замони касби қудрат дар Афғонистон дар августи 2021, барои касби машрӯъият талош мекунад. Аммо кишварҳо ва ниҳодҳои байналмиллалӣ аз ҷумла Созмони Миллал ҳозир ба пазириши афроди муаррифишуда аз сӯи Толибон ба унвони намояндагони Афғонистон нестанд. Аммо ахиран Ҳинд сафорати Афғонистон дар Деҳлии навро ба намояндагони Толибон вогузор кард ва ба назар мерасад, ки Чин низ ба иқдоми мушобеҳ тасмим гирифтааст.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ,Билол Каримӣ ба унвони сафири давлати муваққати Толибон дар Афғонистон рӯзи ҷумъа дар Пекин устуворномаи худро ба мудири кулли ташрифоти Вазорати умури хориҷаи Чин тақдим ва расман кори худро ба унвони дипломат ва намояндаи Афғонистон оғоз кард.

 Пас аз рӯйи кор омадани ҳукумати Толибон дар Афғонистон дар соли 2021, ин нахустин боре аст, ки Толибон сафири расмии худро ба як кишвар равон мекунад.