Барномаи Узбакистон ва Ҳиндустон барои барқарории ҳамкориҳои низомӣ
Намояндагони Узбакистон ва Ҳиндустон дар нишасте дар Тошканд густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар саноъати низомиро баррасӣ карданд.
Ба гузориши рӯзи ҷумъаи хабаргузории Форс, муҷтамаъҳои дифоъӣ - саноъатии Узбакистон ва Ҳиндустон ҳамкориҳои дуҷонибаро оғоз мекунанд.
Намояндагони Ҳиндустон ва Узбакистон тарҳҳои муштараки муртабит бо ҳамкориҳои саноъати дифоъиро барраси карданд. Ин нишаст бо ҳузури намояндагони чандин ширкати ҳиндии фаъол дар саноъати низомӣ баргузор шуд.
Ширкаткунандагон дар ин нишаст паҳлуҳои таҳкими равобити мутақобил ва проектҳои муштараки навро баррасӣ карданд.
Бо таваҷҷуҳ ба изҳороти ахири сафири Ҳиндустон дар Арманистон дар хусуси тамоюли Деҳлии нав ба ҳамкории саноъати низомӣ бо Ереван, ба назар мерасад, таваҷҷуҳи ҳиндиҳо ба бозори силоҳҳо дар Осиёи марказӣ ҷалб шудааст.
бештар бихонед: