Декабр 11, 2023 21:14 Asia/Dushanbe
  • Идомаи руйкарди мудохилаиҷуёнаи Иттиҳодияи Аврупо дар бораи ҷанги Украина
    Идомаи руйкарди мудохилаиҷуёнаи Иттиҳодияи Аврупо дар бораи ҷанги Украина

Масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо дар идомаи руйкарди мудохилаҷуёнаи Иттиҳодияи Аврупо дар бораи ҷанги Украина афзоиши ҳимояти кишварҳои аврупоӣ аз Украина ба баҳонаи ҷанг дар ин кишварро хостор шуд.

Ба гузориши хабаргузории Спутник Ҷозеф Боррел масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо имруз душанбе дар гуфтугуи кутоҳи бо хабарнигорон пеш аз вуруд ба нишасти вазирони хориҷаи кишварҳои узви ин иттиҳодия дар Бруксел аз вазирони хориҷаи Иттиҳодияи Аврупо хост ки мутафарриқ нашаванд ва ба ҳимоятҳо аз Украин ба баҳонаи ҷанг дар ин кишвар идома диҳанд.

Ҷозеф Боррел дар идомаи руйкарди мудохилаҷуёнаи Иттиҳодияи Аврупо дар бораи ҷанги Украин гуфт: Акнун замони муносиб барои коҳиши ҳимоятҳои ин иттиҳодия аз ин кишвар аврупоӣ нест балки бояд афзоиш пайдо кунанд.

Пеш аз ин низ Олаф Шолтс садиразами Олмони рузи шанбеи гузашта дар идомаи руйкарди мудохилаҷӯёнаи ин кишвар дар бораи ҷанг Украин гуфта буд ки Олмон ба ҳимоят аз Украин ба баҳонаи ҷанг дар ин кишвар идома медиҳад.

Русия борҳо гуфтааст ки ирсоли таслеҳоти ғарбӣ ба Украин танҳо боиси тулонишудани муноқиша дар ин кишвар мешавад ва паёмадҳои ғайриқобилии пешибини ба дунбол дорад.

Барчасп