Тафсир. Нишасти руасои созмонҳои амниятии кишварҳои СПАД дар Минск
(last modified Mon, 18 Dec 2023 16:03:05 GMT )
Декабр 18, 2023 21:03 Asia/Dushanbe
  • Минск мизбони руасои созмонҳои амниятиву иттилоотии кишварҳои ҳамсуд
    Минск мизбони руасои созмонҳои амниятиву иттилоотии кишварҳои ҳамсуд

Нуздаҳумин нишасти сарони созмонҳои амниятӣ ва сервисҳои иттилоотии Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ дар Минск (пойтахти Беларус) баргузор шуд.

Дар ин нишаст илова бар Александр Лукашенко, раиси ҷумҳурии Беларус, ҳайатҳои амниятӣ аз кишвари мизбон, ҷумҳурии Озарбойҷон, Арманистон, Русия, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбакистон ҳузур доштанд. Ҳамкории сервисҳои иттилоотӣ ба манзури таъмини амнияти кишварҳои ҳамсуд дар шароити вахомати авзои байналмилалӣ ва минтақаӣ, аз мавзӯоти матраҳшуда дар нишасти Минск будааст. Дар ҷараёни ин нишаст ҳамчунин натоиҷи таомулот миёни кишварҳои узви СПАД дар фосилаи ду нишасти пешину феълӣ баррасӣ шуд.

Дар ҷараёни нишасти Минск Александр Лукашенко эълом кард, ҷаҳон дар ҳоли фурӯ рафтан дар ҳарҷу марҷ бо авоқиби ғайриқобили пешбинӣ аст. Тавозуни ҷаҳонӣ, аз ҷумла дар заминаи боздорандагии ҳастаӣ аз байн рафтааст.

Лукашенко ҳамчунин ҳушдор дод, ҷаҳон беш аз ҳар замони дигаре ба ҷанги ҳастаӣ наздик шудааст. Дар чунин шароите нақши сервисҳои иттилоотӣ афзоиш меёбад, ки муҳимтарин вазифаи онҳо тазмини ҳифозат аз давлатҳову шаҳрвандони худ дар баробари таҳдидоти дохилӣ ва хориҷӣ аст.

Қамчибек Тошиев, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон низ дар нишасти Минск дар суханоне бар зарурати табдил шудани аъзои кишварҳои СПАД ба ҷабҳае муттаҳид таъкид карду гуфт: Шароити ҷаҳон ба суръат дар ҳоли тағйир аст ва бояд ба мавқеъ ба он посух дод. Мо бояд аз ихтилофи назар миёни кишварҳоямон ҷилавгирӣ кунем.

Дар тӯли чанд соли гузашта нишастҳои амниятии ҳамсуд умдатан перомуни таҳдидоти амниятӣ аз сӯи Афғонистон ва интиқоли анвои маводи мухаддир аз ин кишвар ба Осиёи Марказӣ матраҳ будааст. Бо вуҷуди ин, меҳварҳои нишасти Минск аз ҳолати минтақаӣ ба ҷаҳонӣ тағйир кардааст.

Дар ин замина метавон ба ҳушдори раиси ҷумҳурии Беларус ба ҷомеаи кишварҳои минтақаву ҷаҳон ишора кард. Тавсияи бархурдорӣ аз ҷабҳае муттаҳид тавассути раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон низ аз аҳамияти зиёде барои кишварҳои Осиёи Марказӣ бархӯрдор аст. Ин тавсияҳоро бояд ба маънои вокуниши кишварҳои узви ҷомеаи ҳамсуд ба талошҳои ахири Амрико ва муттаҳидонаш барои ҳузуру нуфуз ба минтақаи Осиёи Марказӣ муртабит донист.

Амрико ва муттаҳидонаш пас аз дар инҳисор гирифтани бахше аз шабакаҳои иҷтимоии кишварҳои Осиёи Марказӣ, ба вижа Узбакистону Қазоқистон талош мекунанд робитаи дӯстонае бо дигар сарони Осиёи Марказӣ барқарор кунанд.

Ҷосусони ғарбӣ ниёзи шадиде ба сиёсатмадорони ватанфурӯши мавсум ба ғарбгаро дар Осиё Марказӣ доранд то аз тариқи онҳо битавонанд аҳдофу хостаҳои худро дар ин минтақа ба пеш бибаранд. Бо вуҷуди он ки то ҳудуде ин даста аз сиёсатмадорони Осиёи Марказӣ шиносоӣ шудаанд, аммо бояд гуфт: Ин теъдод наметавонанд хостаҳои Ғарбро дар Осиёи Марказӣ амалӣ кунанд.

Ногуфта намонад, ки ҷомеаи кишварҳои мустақили муштаракулманофеъ пас аз фурӯпошии Шуравӣ шакл гирифт. Баёнияи таъсиси ин иттиҳодия дар 21 декабри 1991 дар Алмаатои Қазоқистон тавассути раҳбарони вақти Русия, ҷумҳурии Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Тоҷикистон, Туркманистон, Узбакистон ва Украина имзо шуд.

 

Бештар бихонед: