Устони Хузистон ; диёри гулу хурмо
-
Устони Хузистон ; диёри гулу хурмо
Устон(вилоят)и Хузистон ; диёри гулу хурмо Порс тудей - Устони Хузистон аз назари имконияту қобилиятҳои кишоварзӣ дар Эрон беназир ва дар дунё аз нуқоти мумтоз аст.
Устони Хузистон бо масоҳатии ҳудуди шасту чаҳор ҳазору дусаду сию шаш километри мураббаъ , дар ҷанубу ғарбии Эрон воқеъ шудааст . Маркази ин устон шаҳри Аҳвоз аст. Ба гузориши Порс тудей , ин устон аз ҳайси замину марғубияти хоку ҳосилхезӣ , аз беҳтарин водиҳои Эрон аст, ки гоҳе ба далели вижагиҳои обу ҳавуоӣ метавон дар он солиёна ду бор ба кишти маҳсулот пардохт .
Вусъату борварии хок ва гуногунии табиӣ , ин диёрро ба влдии зархезу пурбаракат табдил намуда; тавре ки солона беш аз 17 миллион тон навъҳои гуногуни маҳсӯлоти кишоварзӣ дар устон тавлид мешавад .
Дар канори он , дастрасӣ ба обҳои озоду байналмилалӣ ин устонро ба яке аз аслитарин устонҳои содиротӣ табдил кардааст. Бандарҳои бузурге ҳамчун бандари Хуррамшаҳр , бандари Ободон , бандари Моҳшаҳр ва бандари Имом Хумайнӣ дар ин устон воқеъ шуда, ки фоидаҳои хубе барои устону Эрон эҷод кардааст .
Устони Хузистон мақоми аввали тавлиди гандуми Эронро дорад ва 38 дарсад ҷуовимаккаи донаӣ ва 40 дарсади шакари Эрон дар ин устон тавлид мешавад.
Устони Хузистон бузургтарин тавлидкунандаи хурмо дар Эрон ҳам ҳаст. Ҳудуди 30 дарсади кулли содироти хурмои Эрон аз ин устон анҷом мешавад.
Дар канори ин маҳсулот , Устони Хузистон тавониста рутбаи нахусти Эрон дар тавлиди гули Марямро аз они худ кунад. Ин устон дар тавлиди гули наргису гули роз ҳам рутбаи дувуми Эронро дорад.
Имконоти парвариш ва гуногунии обзиён, шомили моҳиҳои сардобӣ , гармобӣ ва майгуҳои парваришӣ дар обҳои ширин ва имконоти сармоягузорӣ дар тарҳҳои ҷонибии ин фаъолиятҳо истеъдоди хосе ба ин устон бахшидааст ва заминаи касбу кори шумори зиёди аҳолиро фароҳам кардааст.
Устони Хузистон зарфияти болое дар содироти маҳсӯлоти кишоварзӣ , саноъати сохтмонӣ ва хадамоти фаннӣ-муҳандисӣ дорад, ки бо тавваҷуҳ ба наздикӣ ба кишварҳои Ироқ , Уммон , Аморот ва Қатар нақши муҳимме дар содироти ғайринафтии Эрон ифо мекунад.
Асоси колоҳои содиротии Устони Хузистон, маҳсӯлоти кишоварзӣ , маҳсӯлоти нафту кимиё , фулуззоту оҳанолот , маводи маъданӣ ва масолеҳи сохтмонӣ ҳастанд, ки ба кишварҳои мухталиф аз ҷумлаи Ироқ , Чин , Аморот , Русия , Туркия ва Сингапур содир мешаванд.
Тавлиду содироти хурмои Устони Хузистон
Хурмо, ҷойгоҳи муҳимме дар тавлидоти кишоварзии устони Хузистон дорад ва дар ҳоли ҳозири 30 дарсад аз кулли содироти хурмои Эрон марбут ба Устони Хузистон аст. Минтақаҳои Ободон, Шодагон , Аҳвоз , Хуррамшаҳр , Моҳшаҳр ва Беҳбаҳон аз бузургтарин марказҳои тавлиди ин маҳсӯланд .
Хурмои содиротии Эрон , аз маҳбубтарин маҳсӯлоти боғӣ ба шумор меравад, ки дар саросари дунёи тарафдорони зиёдӣ дорад.
Гулҳои зинатии Устони Хузистон
Устони Хузистон бо иқлими камназиру гуногун , аз муҳимтарин манотиқи тавлиди гиёҳони зинатии Эрон низ ҳаст. Устони Хузистон аз қутбҳои муҳими Эрон дар санъати тавлиди гулу гиёҳони зинатӣ ба вижаи гули роз , гули Марям , гули наргис ва навъҳои гуногуни гулҳои шохабуридаи дигар назири Довӯдӣ ва занбақ...ва гиёҳони зинатии апартаментии назири озолё , шамъдонӣ , ҳино , бгунё , лола , навъҳои гиёҳони дарахтчаӣ , барги зинатӣ , фаслӣ , ва дарахтӣии бо танаввуъи бисёр боло аст .
Ироқ, Ветнам, Ҷумҳурии Озарбойҷон, Туркманистон , Русия, Туркия ва кишварҳои ҳошияи халиҷи Форс аз бозорҳои хуби содироти гулу гиёҳи Эрон ва ин устон ҳастанд.